Союз
Таджикистанцев
России
 
Основное меню
> Главная
> Новости
> Региональные представительства
> Пресс - клуб при ГУ МДН
> Полезная информация
> Видеосюжеты
> Пресс-служба
> Партнеры
> Фоторепортажи
> Публикации
> Клуб молодых ученых
> Трудовая миграция
> Контакты


20-03-2012 8:59:45

Эй толеам аз талъати рӯят фирӯз!
Ҳар рӯзи ман аз баҳори васлат наврӯз!
Бо ёди ту овони ман-овони шабоб,
Бе рӯи ту айёми ман-айёми аҷуз

Подробнее >>>
04-12-2011 9:37:23

Уже 5 лет в нашем доме служит уборщиком (если официально, то рабочим по дому) один заезжий таджик, которого мы, жители, называем по-русски Борей. Боря молод, симпатичен, хорошо воспитан, улыбчив, доброжелателен и неутомим в работе. Убирается хорошо, жильцы к нему очень привыкли, полюбили, а пенсионеры со всякими трудностями обращаются к нему за помощью.

Подробнее >>>
24-11-2011 11:48:03

Эксклюзивное интервью собственного корреспондента газеты "Хамватан" ("Соотечественник") по СФО Михаила Попенко с председателем Духовного управления мусульман, главным имамом соборной мечети Барнаула Фагимом Хазратом(Ахметгалиевым) для сайта Союза таджиков России.

Подробнее >>>

Наш баннер >


						Общественно-политический еженедельник "Настоящее время" баннер 88*31:

Выступление на конференции "Женщина и миграция" в Душанбе, организованная Комитетом по делам женщин и семьи при Правительства РТ 19.11.2008 г.

Вазъи иҷтимоӣ ва башарии муҳоҷирати занон Давлатов А.С., раиси Иттиҳоди тоҷикистониёни Россия, Москва

Хонумони меҳрубони мӯҳтарам!
Ҳамватанони азиз!

Аввалан арзи сипос ва эҳтироми беандоза ба ҷанобӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки сиёсати иҷтимоиву иқтисодӣ пешгирифтаи эшон баҳри кӯмаки на танҳо ҳамватанони дохилӣ, балкӣ бурунмарзӣ ҳам равона шудааст. Вохӯрии Ҷанобӣ Президент бо тоҷикистониёни Россия ва пайваста бо мо ҳамкори кардани вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла Сафорати ҶТ дар ФР, Хадамоти муҳоҷирати ВКД ҶТ гувоҳӣ ин ғамхориҳост.

Ҳамчунин, ташаккур ба Кумитаи кор бо занҳо ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон барои ташкили ин Конференсия, ки пеш аз он мӯҳтарама Хайринисо Юсуфӣ ба Росия омада буданду вохӯриҳои зиёду муфиде бо занҳои тоҷики муҳоҷир анҷом дода буданд.

Агар роҳбарони дигар идораву вазоратҳои дахлдор, намояндагони мардумӣ ҳам бо муҳоҷирон чунин вохӯриҳорои муфид анҷом медоданд, ба нафъи тамоми мо буд. Вале, афсӯс, ки бархе аз онҳо баъди сафарҳои расмиашон ба ҷуз иғвоангезӣ кори дигаре анҷом намедиҳанд. Ман сафари вакили парлумон М. Кабириро дар назар дорам, ки ба Россия сафари расмӣ доштанду боре ҳам хоҳиши бо муҳоҷирони меҳнатӣ вохӯрданро накарданд. Агарчӣ, пайваста ҳам аз Сафорат ва ҳам аз созмонҳои ҷамъияти дархости толори боҳашамате доштанд, ки гуё лоиқи манзалати ӯ бошад. Шукри Худо, ки чунин намояндагон ягонаанду мо тоҷикистониёни Россия муҳтоҷи онҳо нестем.

Мо миннатдорӣ аз Ҷанобӣ Президент, Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии ҶТ, Сафири ҶТ, Раиси Комитети занҳо ва оилаи Ҳукумати ҶТ, раҳбари Хадамоти муҳоҷират ва дигар намояндагони расмии ҶТ мекунем, ки бо тоҷикистониёни Россия борҳо вохӯриҳо анҷом додаанд ва воқеан ҳам аз ҳамватанони берунмарзии худ пуштибонӣ мекунанд.

Ҳозирини мӯҳтарам!

Табодули қувваҳои корӣ дар ҷаҳони имрӯза мушкилоти зиёдеро барои сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байналхалқӣ ва ҷамъиятии миллӣ эҷод карда, масъалаи умумибашарӣ гаштааст, ки Тоҷикистон чун давлати соҳибистиқлол аз ин раванд берун нест. Ворид ва хуруҷи муҳоҷирони меҳнатӣ як амри воқеӣ буда ба пешниҳодҳи барномаҳои мушаххас ва дарёфти роҳҳои амалӣ карданӣ ин барномаҳо ва қонунҳои қабулшуда оиди муҳоҷиратро тақозо дорад.

Иттиҳоди тоҷикистониёни Россия, ки тамоми созмонҳои қонунӣ ва аслии тоҷикон ва тоҷикистониёни Россияро ба ҳам овардаасту 5-уми ноябри соли равон яксолагии бунёдшавиашро қайд кард, дар ҳамкори бо Сафорати ҶТ, Хадамоти муҳоҷирати ВКД ҶТ ва дигар намояндагиву идораҳои Тоҷикистон, ҳамчунин бо сохторҳои давлативу ҷамъиятии федералӣ ва минтақавии Россия корҳои зиёдеро дар роҳи ҳаллу фасли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ анҷом додаст. Дар баробари кӯмаку дастгирии ҳамарӯза аз ҳамватанон, Иттиҳод ба омӯзиши душвориҳои муҳоҷирони меҳнатӣ машғул аст.
Мушоҳидаву омӯзишҳо нишон доданд, ки вақтҳои охир шумораи занони муҳоҷир аз Тоҷикистон афзудааст, ки дар даҳ моҳи ахир қариб 900 нафарро ташкил дода, вазъи иҷтимоиву башарии (гуманитарии) онҳо бадтар гаштааст.

Сабабҳои асосии ба муҳоҷират рӯ овардани занони тоҷик гуногунанд. Чанд сабаеро қайд мекунам:

1. Танҳо дар як соли ахир 18 нафар зани тоҷик ба мо муроҷиат карданд, ки барои табобати фарзандони беморашон маблағ меҷӯстанд. Агарчӣ, аксари чунин беморонро метавон дар Тоҷикистон табобат кард, вале аз чи бошад, ки ҳамватанони мо майли Маскав мекунанд.
2. Бо таасуф бояд қайд кард, ки бархе аз занони ҷавон фирефтаи гурӯҳҳои ҷинояткор шуда, ба танфурӯшӣ машғул мешаванд, ки ин бадкирдорӣ на танҳо зарбае ба шаъни дину миллати мост, балки сабаби паҳншавии бемориҳои гуногун ва ҳатто ҳалокати онҳо мегардад.
3. Бадбахтии дигаре он аст, ки нафароне пайдо шудаанд, ки фарзандони навзодашонро дар таввалудхонҳо мепартоянд. Ҳоло дар ихтиёри Иттиҳоди тоҷикистониёни Россия 33 анкетаест, ки аз тарафи идораҳои дахлдор ба мо расидаанд. Муалифони мактубҳо аз мо хоҳиш кардаанд, ки он тифлони бегуноҳро, ки модаронашон тоҷик будаанд, парасторӣ кунем. Аз рӯи ҳисоби маркази баҳисобгирии беморхонаҳои кӯдаконаи ш. Маскав шумораи тифлону кӯдакони тоҷики бепарастор хело зиёд шудаанд ва мо вазифадорем, ки аз онҳо бохабар бошем, пуштибонӣ кунем, дар руҳияи миллӣ тарбия намоему аз фарҳангу маданияти худ огоҳашон созем.
4. Гурӯҳи дигари занон фирефтаи нафарони қаллобе мешаванд, ки ваъдаи ҷои кор ва маоши баланд медиҳанду занони ҳамватани худро ба Россия оварда бесоҳиб мепартоянд ва худ чун рӯбоҳи маккор мегурезанд. Аксари чунин занон маҷбур мешаванд, ки ба корҳои ношоям даст зананд ва ё бо маблағи ночизе корҳои вазнинро иҷро кунанд. Аз ин даҳшаттар он аст, ки қисме аз чунин занон ба ғуломии гурӯҳҳои ҷинояткор меафтанд. Масалан, моҳи октябри ҳамин сол 22 нафар зани тоҷик аз вилояти Пенза ба мо муроҷиат карданд, ки онҳо фирефтаи як зани русу марди тоҷик шуда ба ғуломӣ афтодаанд ва акнун намедонанд чи кор кунанд. Дар ҳамкорӣ бо Сафорати ҶТ ва намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ВКД ҶТ онҳо озод ва бо ҷои кор таъмин шуданд. Аввали моҳи ноябр бошад, созмони ҷамъиятии занони вилояти Иркутск бо номи 'Иттиҳоди занони Ангарск' ба мо хабар дод, ки чор нафар ҳамватанонамон дар асорати ғуломдорони навбаромад афтодаанд. Дар якҷояги бо шуъбаи Иттиҳоди тоҷикистониёни Россия дар вилояти Иркутск он нафарон озод карда шуданд. Чунин мисолҳои нанговарро беҳисобанд.

Боиси таасуф аст, ки занони тоҷик аз он ғамхорие, ки ҳукумати ҶТ ва хусусан Президенти Ҷумҳурӣ ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон нисбати занон доранд, истифода намекунанд. Мегирем, афзалиятҳоеро, ки бо қарори ҷаноби Президент ба занони соҳибкор додаанд. Вале, афсӯс, ки онҳо муҳоҷиратро авлотар медонанд. Боре зани тоҷики муҳоҷире дар бозори 'Черкизово' гуфт: 'Ҳамин коре, ки ман ин ҷо мекунам, дар Тоҷикистон аз чунин ҷорӯбкашӣ ор дорам, вале ин ҷо маҷбурам'. Наход, ки дар Тоҷикистоне, ки барои Шумо шароит фароҳам меоваранду чор фасли солаш ҳосилхез аст, аз меҳнати ҳалол кардан 'ор' кунеду аз ба мардуми бегона ғуломӣ кардан ифтихор?!

Иттиҳоди тоҷикистониёни Россия дар ақидаест, ки мо бояд ҳақиқат ва мушкилоти муҳоҷирати меҳнатиро ба мардум расонем, то онҳо фирефтаи айёрону қаллобон нашаванд ва аз меҳнати ҳалол дар Ватани худ ифтихор дошта бошанд, на аз ғуломӣ бар дигарон.

Хулоса, душвориҳое, ки дар роҳи занони муҳоҷир пайдо мешаванд, агар аз як тараф бо айби худи онҳо ва ё бо сабаби беҷазо мондани қувваҳои ҷинояткор, ки бо қочоки муҳоҷирон ва занони беандеша машғуланд, сар занад, аз тарафи дигар, аз надоштани маълумоти дақиқ ва огоҳӣ аз вазъи воқеии муҳоҷират сарчашма мегиранд.

Душвориҳои занони муҳоҷир аз манбаъҳои зерин ғизо мегиранд:

  • аз надоштани таҷрибаи зиндагӣ дар шаҳрҳои бузурги бегона;
  • аз надоштани таҷрибаи муошира бо миллату қавмиятҳои бегона;
  • аз надоштани саводу дониши кофӣ оиди қонунҳои муҳоҷират ва ҳуқуқҳои худ;
  • аз надоштани касбу ҳунаре, ки дар муҳоҷират ба кор оянд;
  • аз надонистан ва ё бад донистани забони русӣ;
  • аз надоштани маълумоти воқеи оиди мушкилоте, ки онҳо метавонанд дар Россия ба он рӯ ба рӯ шаванд.

Ҳамин тавр, бо инобати он душвориҳои молияву иқтисодие, ки айби дигарҳо дунёи имрӯзаро фаро гирифтаанд ва метавонанд зарбаи сахте ба вазъи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ зананд, аз ҷумла занон, лозим мешуморем, ки масъалаҳои зерин ба таври ҷиддӣ ва фаврӣ дида баромада шаванд ва амалӣ гарданд:

1. бунёди хазинае барои кӯмаки муҳоҷирони меҳнатӣ;
2. ташкил додани марказҳои таълимиву тарбиявӣ барои занон дар ҳамбастагии Хадамоти муҳоҷират ва Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон;
3. бунёди марказҳои ҳуқуқӣ ва тиббӣ дар Маскав, бо кӯмаки соҳибкорони тоҷик барои муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла занон;
4. пайваста дар расонаҳои хабарӣ иттилоъ додан аз гурӯҳҳое, ки бо роҳи фиреб мардумро ба хориҷа мебаранду ба ғуломӣ месупоранд;
5. фаъол кардани ҳамкорӣ бо Ташкилоти байналхалқии муҳоҷират (ТБМ, МОМ), дар асосӣ Меморандуми имзошуда байни Ҳукумати ҶТ бо ТБМ (МОМ) ва ташкилотҳои дигари байналхалқӣ, оиди мубориза бар зиддӣ қочоқи занон;
6. ба қонунҳои ҶТ иловаҳое ворид кардан, ки барои шахсонӣ бо қочоқӣ муҳоҷирони меҳнатӣ машғул - ҷазои сахт, ҳатмӣ ва ногузир пешбинӣ шуда бошад;
7. ташкили Шӯрои Машваратии доиамалкунандае аз ҳисоби Иттиҳоди тоҷикистониёни Россия, Сафорати ҶТ да ФР, Хадамоти муҳоҷирати ВКД ҶТ ва Кумитаи занону оилаи назди ҳукумати ҶТ барои омӯзиш ва пешнишодҳои мушаххас оиди танзими муҳоҷирати занон ва кӯмаки бетаъхир ба онҳо;
8. ташкили як гурӯҳи илмӣ барои омӯзиши масъалаҳои муҳоҷират, зеро ин раванд дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ хусусиятҳои худро дорад.

Ҳамватанони гиромӣ!

Ман фидоӣ он, ки худро дидааст,
Асри ҳозирро накӯ санҷидааст.
Ғарбиёнро шеваҳои соҳирист,
Такя ҷуз бар худ кардан кофирист!

Дар ҳақиқат, миллати тоҷик ақлу хиради арзандае дорад, ки 'худро шиносад', вазъи имрӯзаро 'накӯ санҷад', шефтаи 'шеваҳои соҳирӣ' нашавад ва 'такя ҷуз бар худ' накунад.

Шукри Худо, ки Ҳукумати Тоҷикистон таҳти раҳбарии ҷаноби Президент, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала диққати ҷиддӣ медиҳанд ва агар идораву сохторҳои пойинии дахлдор, созмонҳои ҷамъиятӣ ва соҳибкорон низ зарурату моҳияти иҷтимоӣ ва башарии (гуманитарии) муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла муҳоҷирати занонро дарк кунанд ва корҳои амалие дар ин самт анҷом диҳанд, нафъи беандозае барои имрӯзу ояндаи давлату миллати тоҷикон ва ҳар як фарди алоҳида хоҳад буд.

Ба таваҷҷуҳатон ташаккур!

 
Сайт Памирцев Росси
 
© Copyright 2008
Общероссийская общественная организация
"Союз таджикистанцев России"
info@str-org.com
Все права на материалы, находящиеся на сайте, охраняются в соответствии с законодательством РФ, в том числе, об авторском праве и смежных правах.
Ещё один хороший проект от
Sarez Design Lab.