Инсон ашрафи офаридаҳои Парвардигор аст, ки набояд чун дар мамолики ғарб як ҷузъи кӯчаки иҷтимоӣ бошад, балки мавҷудоти фаъоли дар гурӯҳҳои қавмӣ, мазҳабӣ, ҷинсӣ, синфӣ ва ғайра тазоҳур пайдо карда мебошад. Бештари фаъолияти амалкард ва шахсияти инсон ба ангезаҳои ақлонии ӯ вобаста аст.
Ангезаҳои ақлонӣ метавонанд ҳаргуна ҳолатҳои физиоложӣ ва равонии инсонро қолаббандӣ кунанд. Ба вижа, агар инсон худро дар ҳолати инзиво эҳсос кунад.
Эҳсоси инзиво (ё танҳоӣ) тамоми руҳияи одамиро дар бар мегирад ва он ба ҳолати ҷисмониву равонӣ марбут мешавад. Метавон гуфт, ки инсони танҳо худро бадбахт эҳсос мекунад ва эҳсосоти ӯ натанҳо ба ҳолати ҷисмонии ӯ таъсир мерасонад, балки он ба таври худкор ва ногузир руҳия ва эътимоди одамиро заъиф мегардонад. Бузургони мо аз Имом Ғаззоливу Мавлоно то имрӯз ҷисмро 'маркаби рӯҳ' донистаанд, ки тибби имрӯз ин ҳақиқатро исбот кардааст. Пас, агар чунин бошад, эҳсоси инзиво тавассути ангезаҳои ақлонӣ аз азияти ҷисмонӣ то заъфи руҳияву эътимод мерасонад.

:Ҳадафи ин таҳқиқ омӯзиши таъсири осори А. Рудакӣ ба ташаккули шахсият аз тариқи таҳрики ангезаҳои фаъолияти равонӣ ва озод шудан аз эҳсоси танҳои мебошад.
Мо 134 нафарро тибқи равиши Р. Кэтелл ва Д. Чойлд мавриди озмоиш қарор додем. Пурсишномаи озмоиши ҳовии 208 банд буд. Тибқи ин равиш тамоюлҳои асосии шахсият ва сифоти қавмиву фарҳангӣ андозагири шуд. Озмоиши мазкур мутаалиқ ба равиши воқеист ва синни афроди мавриди пурсиш маҳдуд намешавад.
Баъди пурсиши нахуст ба пурсишшавандагон пешниҳод шуд, ки ашъори А. Рудакиро ба забони асли дар тулии шаш моҳ мутолиъа кунанд. Пас аз поёни муҳлати таъиншуда 57 нафар аз феҳрест ихроҷ шуданд. Зеро, онҳо иқрор шуданд, ки ба мутолиъаи ашъори А. Рудакӣ гоҳ - гоҳе даст задаанд. Аз онҳо 8 нафар танҳо ашъори ошиқонаи уро мутолиъа кардаанд.
Пурсиши дубораи 77 нафари боқимонда нишон дод, ки онҳо аз нигоҳи иҷтимоӣ нисбати хешу табор ва наздикони худ ва куллан ҷомеъа эҳсоси масъулияти бештаре пайдо кардаанд. Эҳсоси масъулияти бештар онҳоро водор сохтааст, ки тамос ва дидори бештаре аз дигарон дошта бошанд, ки боиси берун шудан аз эҳсоси инзиво гаштааст.
Бад-ин сон метавон фарз кард, ки содагӣ ва дастрасии ашъори А. Рудакӣ марбут ба даъвати навъдӯстӣ (инсондӯстӣ) ва маънавият таъсири барҷаста ва мусбат дораду ба ташаккули шахсият мерасонад, ки инсонро ба аъмоли инсонгароӣ (инсонпарварӣ, гуманистӣ) ва озод шудан аз эҳсоси танҳои бармеангезад.
:Ба қавли яке аз олимони шинохтаи рус Орлов А.Б. 'барои тамаддуни ғарб ба таври кулл ва аксарияти муассисоти иҷтимоии он беэътимодии саросари ба инсон хос аст ва худи инсон ба таври суннатӣ ҳамчун мавҷуди идоранашаванда, танбал, ғайриҳатмӣ, бемор, худхоҳ, ори аз ахлоқ ва пургуноҳ бознигари мешавад, ки бояд таҳти пуштибонӣ ва назорати қатъии доимии берунӣ қарор дошта бошад'. Дар ҳоле, ки ашъори инсонмеҳварӣ А. Рудакӣ инсонро ҳачун мавҷуди дигар бознигари мекунад ва ангезаи мавҷуд дар ҳар инсонро ба пешрафт ва таъолии шахсият басиҷ мегардонад ва тавонмардии эҳсосотиву ақлонии уро фаъол месозад.
Фишурдае аз гузориши дар Теҳрон. 22.12.2008 с.

Эй толеам аз талъати рӯят фирӯз!
Уже 5 лет в нашем доме служит уборщиком (если официально, то рабочим по дому) один заезжий таджик, которого мы, жители, называем по-русски Борей. Боря молод, симпатичен, хорошо воспитан, улыбчив, доброжелателен и неутомим в работе. Убирается хорошо, жильцы к нему очень привыкли, полюбили, а пенсионеры со всякими трудностями обращаются к нему за помощью.
Эксклюзивное интервью собственного корреспондента газеты "Хамватан" ("Соотечественник") по СФО Михаила Попенко с председателем Духовного управления мусульман, главным имамом соборной мечети Барнаула Фагимом Хазратом(Ахметгалиевым) для сайта Союза таджиков России. 




