Имрӯзҳо аз ҳама масъалаҳои ҳалталаб барои мӯоҷирони меҳнатии мавсимии ҳамватаноне, ки ба кишвари Перм меоянд, надонистани забони русист. Наомухтани забони давлате, ки барои кор кардан ба он меоянд, мушкилоти зиёдеро эҷод мекунад ва барои бо мардуми бумӣ якҷоя (интегратсия) шудан монеъа мешавад. Як мисол меорем: Ш.Ғ.-и 18 сола аз ноҳияи Рӯдакӣ ба ҷамъияти тоҷикони Перм муроҷиат карда ҷои кор хост. /ро ба яке аз мағозаҳои калонтарини (супермаркет) ш. Перм ба гирифтанд. Маоши хуб муйян шуд, бо ҷои хоб таъминаш карданд. Вале, баъди ду ҳафта роҳбарияти мағоза ба ҷамъияти тоҷикон мактуб навишта сабаби аз кор рондани Ш.Ғ.-ро асоснок кард, ки <афсӯс, ки ӯ забони русиро намедонад ва бо ҳамкоронаш оиди масъалаҳои зарурӣ корӣ наметавонад суҳбат кунад>.
Метавон гуфт, ки надонистани забони русӣ дар пайдо кардани ҷои кор, муошира бо мардуми таҳҷоӣ ва ғайра мушкилоти зиёд эҷод карда боиси канораҷуии (худизолятсияшавии) муҳоҷирони меҳнатӣ мешавад, ки оқибатҳои хуб надорад. Шояд, ки бархе аз ҷавонони канораҷӯ ва бе ҷои кор монда, дар оянда ба корҳои ношоям даст зананд. Кирдорҳои ношоям бошанд, дар натиҷа ба бадномии ҷамъияти тоҷикон меоварад ва метавонад боиси таҷовуз (агрессия) ба ҷону саломатии онҳо гардад.
Имрузҳо аз тарафи ҳукумати Русия - чи федеролӣ ва чи минтақавӣ, сиёсати ба танзим овардани муҳоҷирати меҳнатӣ пеш гирифта шудааст, ки яке аз шартҳои асосии он ин омӯхтани забони русист. Созмони ҷамъиятии тоҷикони кишвари Перм бо пешвоии Одинаев Сайфиддин Ҷорублоевич, ки ҳамчунин раиси шуъбаи минтақавии Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия мебошад, аз ин иқдоми ҳукумати Русия пуштибонӣ мекунад ва болотар аз ин, аз ҳисоби маблағгузории шахсӣ ва бо кӯмаки ҳукумати кишвари Перм <Синфҳои омӯзиши забони русӣ> ва <Мактаби муҳоҷирон> ташкил кардаанд. Дар ин марказҳо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик забони русӣ, тарзи муошират ва хусусиятҳои рафторро дар байни мардуми таҳҷоӣ меомузанд. Бояд қайд кард, ки таҳсил барои ҳамватанони мо бепул аст ва баъди хатми дарсҳо ба омузандагон диплом супурда мешавад. Дар ин кори хайр, мехостем ташаккури худро ба муаллимҳои кафедраи забони русии Донишкадаи маданият ва санъати ш. Перм Медведева И.В. ва Строева Л.И. изҳор дорем, ки дар омузиши забони русӣ ба ҳамватанони мо хизматҳои зиёд мекунанд.
Ҷамъияти тоҷикони Перм, ки шуъбаи Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия мебошаду аз ҳамкории хуб бо Сафорати Тоҷикистон, намояндагии хадамоти муҳоҷират ва дигар сохторҳои далдори Ватани азизамон ифтихор дорад. Мо бовари дорем, ки ин ҳамкорӣ метавонад ба ташкили курсҳои махсуси омузиши забони русӣ дар Тоҷикистон барои муҳоҷирони меҳнатии мавсимӣ мусоидат кунад. Ташкили чунин марказҳо сатҳи донишу савия кордонии ҳамватанонро боло мебардорад ва дар байни мардуми таҳҷои эҳтиромро нисбати миллату Тоҷикистони азизамон зиёд мегардонад.
Ҷонибек Ғайратов,
Ҳуқуқшиноси созмони ҷамъиятии
"Иттиҳоди тоҷикистониёни кишвари Перм"

Эй толеам аз талъати рӯят фирӯз!
Уже 5 лет в нашем доме служит уборщиком (если официально, то рабочим по дому) один заезжий таджик, которого мы, жители, называем по-русски Борей. Боря молод, симпатичен, хорошо воспитан, улыбчив, доброжелателен и неутомим в работе. Убирается хорошо, жильцы к нему очень привыкли, полюбили, а пенсионеры со всякими трудностями обращаются к нему за помощью.
Эксклюзивное интервью собственного корреспондента газеты "Хамватан" ("Соотечественник") по СФО Михаила Попенко с председателем Духовного управления мусульман, главным имамом соборной мечети Барнаула Фагимом Хазратом(Ахметгалиевым) для сайта Союза таджиков России. 




