Изучаем таджикский язык
Союз
Таджикистанцев
России
 
Основное меню
> Главная
> Новости
> Региональные представительства
> Пресс - клуб при ГУ МДН
> Полезная информация
> Видеосюжеты
> Пресс-служба
> Партнеры
> Фоторепортажи
> Публикации
> Клуб молодых ученых
> Трудовая миграция
> Контакты


20-03-2012 8:59:45

Эй толеам аз талъати рӯят фирӯз!
Ҳар рӯзи ман аз баҳори васлат наврӯз!
Бо ёди ту овони ман-овони шабоб,
Бе рӯи ту айёми ман-айёми аҷуз

Подробнее >>>
04-12-2011 9:37:23

Уже 5 лет в нашем доме служит уборщиком (если официально, то рабочим по дому) один заезжий таджик, которого мы, жители, называем по-русски Борей. Боря молод, симпатичен, хорошо воспитан, улыбчив, доброжелателен и неутомим в работе. Убирается хорошо, жильцы к нему очень привыкли, полюбили, а пенсионеры со всякими трудностями обращаются к нему за помощью.

Подробнее >>>
24-11-2011 11:48:03

Эксклюзивное интервью собственного корреспондента газеты "Хамватан" ("Соотечественник") по СФО Михаила Попенко с председателем Духовного управления мусульман, главным имамом соборной мечети Барнаула Фагимом Хазратом(Ахметгалиевым) для сайта Союза таджиков России.

Подробнее >>>

Наш баннер >


						Общественно-политический еженедельник "Настоящее время" баннер 88*31:

Изучаем таджикский язык

Студенты 2-го курса исторического факультета Института стран Азии и Африки при МГУ, изучают таджикский язык менее года. За это время они научились хорошо понимать и неплохо говорить на этом языке. Среди них Иван Рыскаль, Дарья Еремеева, Динис Нафиков, Евгений Соловьев. Почему эти молодые люди выбрали как иностранный язык СНГ, таджикский, легко ли он дается, что они знают о культуре и традициях таджикского народа. На эти и другие вопросы они ответили нам на таджикском языке. К сожалению, у нас нет возможности передать читателю все тонкости их речи: красивый акцент, делающий произношение персидским, и особая интонация, а главное глаза, выражение которых за это время стало немного восточным.

На фото:  Дарҷя Еремеева, Иван Рҳскалҷ, директор ГУ МДН Лемперт П.И., Динис Нафиков.

На фото: Дарҷя Еремеева, Иван Рҳскалҷ, директор ГУ МДН Лемперт П.И., Динис Нафиков.

Лутфан, худатонро шинос кунед.
Динис: Номи ман Динис. Ман аз шаҳри Уфа омадам. Донишҷӯи соли 2-ӯми Донишкадаи давлатҳои Осиё ва Африқо дар назди Донишгоҳи давлатии Москва мебошам.

Ба фикри Шумо забони тоҷикӣ душвор аст?
Динис: Фикр мекунам забони тоҷикӣ мушкил нест барои омӯхтан. Ин забон хеле ҷолиб аст ва хеле ширин аст. Ва ман хеле хурсандам, ки ин забонро меомӯзам.

Чанд вақт аст, ки забони тоҷикиро меомӯзед?
Динис: Ман забони тоҷикиро таи 9 моҳ меомӯзам.

Аз шоирони адабиёти форсу-тоҷик киро медонед?
Динис: Умари Хайём, Мирзо Турсунзода, Садриддин Айнӣ.

Тоҷикистон дар ҷаҳон бо чӣ машҳур аст?
Динис: Пеш аз ҳама бо табиати худ, қаторкуҳҳои Помир, кӯли Сарез.

Аз таомҳои тоҷикӣ кадомашро мепазиред?
Дарья: Имрӯз ман дар ин ҷо шӯрбои тоҷикиро бори аввал хӯрдам. Хеле хушмазза аст. Боз самбусаро хеле дӯст дорам, чанде пеш бо муаллима ба ин ошхона омада будем ва самбӯсаро он вақт чашидам.Модарам гуфт, ки ин бисёр хуб аст, зеро ман метавонам таоми суннатии тоҷикиро дар хона тайёр кунам. Модарам мехохад пухтани таомҳои на фақат тоҷикӣ, балки дигар миллатҳоро ёд гирад.

Шумо дар байни ҷавонони тоҷик шинос пайдо кардед?
Дарья: На, ҳоло пайдо накардам.

Мехоҳед бо онҳо рафиқӣ кунед?
Дарья: Бале, хеле мехохам, чунки фикр мекунам ин ҷолиб мешавад, зеро дар сӯҳбатҳо мо метавонем маълумоти нав дар бораи кишвари шумо пайдо намоем.

Шумо аз куҷо омадед?
Иван: Ман дар шаҳри Новосибирск таваллуд ёфтам. Мехоҳам бигӯям, ки таомҳои ин дастархон бисёр болаззатанд.

Чаро Шумо барои омӯхтан забони тоҷикиро интихоб кардед?
Иван: Ман таърихшинос ва таърихи Ховар барои ман бисёр ҷолиб аст, таърихи Тоҷикистон ва пойтахти он шаҳри Душанбе як қисми ин таърих аст. Барои ҳамин.

Шумо дар бораи шаҳри Душанбе ягон тасаввурот доред?
Иван: Бале, дар Интернет суратҳои ҷолиб дидам, табиати Тоҷикистон бисёр зебост.

Падару модаратон интихоби Шуморо чӣ гуна пазируфтанд?
Иван: Фикр мекунам, онҳо хурсанданд. Падарбузургам аз Украина, вай мегӯяд, ки ҳамаи халқҳои дар Россия буда забон ва тамаддуни бой ва рангин доранд ва хуб аст, ки ман забони яке аз онҳоро меомӯзам.

Беседовала Ширин Каноат

 
Сайт Памирцев Росси
 
© Copyright 2008
Общероссийская общественная организация
"Союз таджикистанцев России"
info@str-org.com
Все права на материалы, находящиеся на сайте, охраняются в соответствии с законодательством РФ, в том числе, об авторском праве и смежных правах.
Ещё один хороший проект от
Sarez Design Lab.